12:00, 06 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бар асари ғарқшавии киштӣ 180 нафар ба ҳалокат расид

Дар баҳри Миёназамин бар асари ғарқшавии киштӣ 180 нафар

ба ҳалокат расид. Дар ин бора намояндаи расмии Созмони байналмилалии муҳоҷират - Флавио Ди Ҷакомо иттилоъ дод. Киштии муҳоҷирон се рӯз қабл дуҷори фалокат шуда буд. Аммо ҷасади муҳоҷиронро нозирони наздисоҳилӣ баъдан пайдо карданд. Муҳоҷирон қасди вуруд ба Аврупоро ба сар мепарваридаанд. Аз аввали моҳи январ дар соҳилҳои Либия беш аз 900 муҳоҷир аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст. Муҳоҷирон шаҳрвандони Сурия, Пакистон, Бангладеш, Сомали ва Эритрея мебошанд. Миёни муҳоҷирони фавтида кӯдакон низ ҳастанд. Муҳоҷирон тариқи се киштии чӯбини фарсуда ҳаракат мекарданд. Тибқи омори Созмони байналмилалии муҳоҷират соли гузашта зиёда аз 5 ҳазор геруза ҳангоми кӯшиши расидан ба Аврупо дар обҳо ғарқ шуда, 363 ҳазор нафари дигар вориди кишварҳои аврупоӣ гардидааст.