17:20, 21 Сентябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Сардии ҳаво дар Аврупо муҳоҷиронро бештар азият кардааст

Имрӯзҳо дар як қатор кишварҳои Аврупо сардии шадид ҳукмфармост.

Аз ин офати табиӣ бештар муҳоҷирон дар азобу азият буда, онҳо дар макону хаймаҳои муваққатӣ қарор доранд. Бештари муҳоҷирон дар кишварҳои Шарқи Наздик буда, чандин моҳ мешавад, ки дар шароити ногувор умр ба сар мебаранд. Вале дар Сербия, ки сардии ҳаво ба беш аз 20 дараҷа мерасад, барои муҳоҷирон дар кӯча ошхонаи махсус ташкил карда, ба онҳо хӯрок ва чойи гарм медиҳанд. Бештари муҳоҷирон аз хавфи он, ки мабодо аз ин ҷо хориҷ карда нашаванд, хаймаҳои худро тарк накарда, шароити вазнинро пушти сар мекунанд. Дар Булғористон низ сардии ҳаво аз 20 дараҷа ҳам бештар буда, алакай чанд муҳоҷир дар ин ҷо аз хунукии ҳаво ҷон бохт. Намояндагони СММ аз роҳбарони кишварҳои Аврупо тақозо карданд, ки дар чунин рӯзҳои сарди тоқатфарсо ба муҳоҷирон кумак расонанд. Айни ҳол вазъияти душвор дар ҷазираҳои Лесбос ва Самоси Юнон ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ҷазираи Самос наздики 700 муҳоҷир дар маконе қарор дорад, ки бо гармӣ таъмин нест. Дар миёни онҳо кӯдакон низ мебошанд.