02:16, 18 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Муҳоҷирон ҳарос доранд, ки Доналд Трамп сиёсати муҳоҷиратро шадидтар мегардонад

Дар штати Оахакаи Мексика, ки бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

ҳаммарз мебошад, теъдоди зиёди муҳоҷирони ҷамъ омаданд. Қисми бештари фирориёни бошишгоҳро шаҳрвандони Салвадор, Гондурас ва Гватемала ташкил медиҳад. Паноҳҷӯёни мамлакатҳои Амрикои Марказӣ мақсад доранд, ки то маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди ин мамлакат гарданд. Онҳо аз он ҳарос доранд, ки Доналд Трамп сиёсати муҳоҷиратро шадидтар мегардонад. Одатан моҳҳои октябр, ноябр, декабр ва январ вуруди муҳоҷирон кам мегардид. Аммо соли равон баръакси ҳол мушоҳида мешавад. Дар роҳи сафари муҳоҷирон хатарҳои зиёд мавҷуд мебошад. Онҳо аз афтодан ба дасти нашъаҷаллобон, гурӯҳҳои ҷиноӣ ва кормандони Хадамоти муҳоҷирати Мексика ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бим мебошанд. Муҳоҷирон мехоҳанд, ки бо истифода аз имконият охирин, яъне дар рӯзҳои ахири сол, ки марзбонон вобаста ба ҷашни Соли нави мелодӣ дар сарҳад кам мебошанд, истифода бурда, вориди Амрико шаванд. Замони маъракаҳои тарғиботӣ Доналд Трамп ваъда дода буд, ки дар сурати пирӯзӣ тамоми муҳоҷирони ғайриқонуниро аз қаламрави мамлакат хориҷ мекунад ва дар марз бо Мексика девор бунёд менамояд. Шаҳрвандони кишварҳои Амрикои Марказӣ вобаста ба қашшоқӣ ва бекорӣ ба Иёлоти Муттаҳида ҳиҷрат мекунанд. Соли равон марзбонони ИМА наздики 410 ҳазор фирориро боздошт намуданд. Ин нишондод дар муқоиса ба соли 2015-ум 4 маротиба бештар мебошад. Фирориён изҳор медоранд, ки новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда, роҳи худро давом медиҳанд. Маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп 20-уми январи соли 2017-ум баргузор мегардад.