08:43, 29 Апрели 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Олмон: 55 000 муҳоҷир ба ватани худ баргашт

Хадамоти вобаста ба муҳоҷирати Олмон иттилоъ дод, ки

давоми соли равон 55 ҳазор гуреза ин кишварро тарк гуфта, ба ватани аслии худ баргаштаанд. Аз ин нишондод аксарияташон шаҳрвандони кишварҳои Балкан буда, дар Олмон мақоми паноҳандагӣ ба даст оварда натавонистаанд. Тибқи қонунгузории Олмон дар ҳолати ихтиёран хориҷ шудан дар ҳуҷҷатҳои ин афрод муҳри истирдод зада намешавад ва онҳо имкони баргашти дубора ба ин кишварро доранд. Шумораи сокинони кишварҳои ҷангзада ҳам, ки дар соли 2016-ум тарки Олмон гуфтаанд, кам нест. Соли равон беш аз 3 ҳазору 200 нафар ба Афғонистон ва Ироқу Сурия ихтиёран баргардонда шудаанд. Ин нишондод нисбат ба соли 2015-ум даҳ маротиба бештар мебошад. Ба афроди ихтиёран тарки Олмон карда, кумакпулӣ дода мешавад. Чанде қабл вазири корҳои дохилии Олмон - Томас де Мазер изҳорот дода буд, ки соли 2017-ум ин теъдод боз ҳам бештар хоҳад шуд.