04:07, 22 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Юнкер: ҳодисаи Олмон набояд барои расидани муҳоҷирон ба Аврупо монеъ гардад

Амали террористие, ки дар шаҳри Берлини Олмон ба вуқӯъ пайваст,

набояд барои расидани муҳоҷирон ба Аврупо монеъ гардад. Бо чунин изҳорот роҳбари комиссияи Аврупо - Жан-Клод Юнкер баромад намуд. Юнкер қайд кард, ки Аврупо бояд ниёзмандону эҳтиёҷмандонро, ки аз кишварҳои даргир фирор намудаанд, бо макони зисти муваққатӣ таъмин намояд. Ба андешаи сиёсатмадор барои таъмини сулҳи кишварҳои ҷангзада бояд сарчашмаҳои молиявии террористон қатъ карда шавад. Танҳо бо ин роҳ метавон аз афзоиши раванди муҳоҷират пешгирӣ намуд. Аввалҳои ҳафтаи равон мошини калони боркаш, ки этимол аз ҷониби шаҳрванди 24-солаи Тунис - Анис Амрӣ идора мешуд, анбӯҳи одамонро дар ярмаркаи солинавии шаҳри Берлин пахш кард. Ҳодиса ба ҳалокати 12 нафар ва ҷароҳат бардоштани 48 каси дигар сабаб гардид.