15:35, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Олмон ихроҷнамоии муҳоҷирон аз Афғонистонро шурӯъ кард

Олмон ихроҷнамоии муҳоҷирон аз Афғонистонро шурӯъ кард.

Аз шаҳри Франкфурти лаби Майн 50 муҳоҷир аллакай ба Кобул таҳвил дода шуданд. Ин афродро пас аз он, ки барои соҳиб шудани паноҳгоҳи сиёсӣ ҷавоби рад гирифтанд, ба ватанашон баргардонданд. Ихроҷнамоии муҳоҷирон дар асоси қарордоди ду кишвар, ки охирҳои моҳи октябри соли равон ҳосил шуд, сурат мегирад. Чанд нафар аз фаъолон аз ин ташаббус норозигӣ баён намуда, шиорҳои «Афғонистон Ором нест»-ро дар даст гирифтанд. Тайи 2 соли ахир ба Олмон зиёда аз 1 миллион муҳоҷир ворид гардидааст. Ҳукуматдорони Олмон изҳор медоранд, ки онҳо аллакай дар хусуси баргардонидани 12,5 ҳазор муҳоҷири афғон ташаббус гирифтаанд.