07:39, 05 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар баҳри Миёназамин 192 муҳоҷир аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд

Дар баҳри Миёназамин нозирони наздисоҳилӣ Италия

192 муҳоҷирро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Иттилоъ дода мешавад, ки муҳоҷирон тариқи баҳри Миёназамин вориди ин кишвар мешуданд. Дар ин бора намояндагони Созмони табибони бидуни марз ба расонаҳои хабарӣ маълумот доданд. Танҳо давоми як шабонарӯзи ахир дар натиҷаи чанд амалиёт 2 ҳазор муҳоҷир аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд. Миёни муҳоҷирони наҷотёфта занону кӯдакон низ мебошанд. Ҳамчунин дар рафти амалиёти наҷотдиҳӣ 6 ҷасад пайдо карда шудааст. Аксар вақт муҳоҷирон тавассути киштиҳои фарсуда ҳаракат мекунанд, ки чунин амали онҳо бо фоҷиа меанҷомад. Бино ба маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират соли равон 4 ҳазору 715 гуреза дар баҳри Миёназаминба ҳалокат расидаанд.