12:09, 06 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар 10 моҳ аз Юнон ба Туркия 748 муҳоҷир баргардонида шудааст

Тайи 10 моҳи ахир аз Юнон ба Туркия 748 муҳоҷир баргардонида шудааст.

Ин иқдом дар доираи Созишномаи муҳоҷират миёни Иттиҳоди Аврупо ва Туркия сурат гирифт. Роҳбарони давлатҳо ва намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо оид ба нақшаи муштараки мубориза бар зидди буҳрони муҳоҷират қаблан ба мувофиқа расида буданд. Санади мазкур барои баргардонии муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ аз Туркия вориди Юнон мегарданд, пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон тибқи созишнома муҳоҷирони Сурияро бояд расман Иттиҳоди Аврупо қабул мекард. Дар доираи ин қарордод моҳи майи соли равон Комиссияи Аврупо ба парлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо пешниҳод намуда буд, ки раводиди шаҳрвандони Туркияро ба кишварҳои аъзо бекор намояд. Аврупо пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бори нахуст аст, ки бо чунин буҳрони муҳоҷират рӯ ба рӯ мешавад. Ба ин раванд муноқишаҳои мусаллаҳона ва мушикилоти иқтисодӣ дар як қатор кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ боис гардидааст. Тибқи омор соли 2015-ум 1,8 миллион гуреза ба ҳудуди мамолики узви Иттиҳоди Аврупо ворид шудааст.