17:28, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дарёфти ҷасади 16 нафар муҳоҷирон дар соҳил

Ходимони обҳои наздисоҳилии шаҳри Триполии Либия

дар доираи як амалиёт ҷасади 16 муҳоҷирро пайдо намуданд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ ҷасадҳоро мавҷи баланди об ба соҳил баровардааст. Дар робита ба ин як гурӯҳ наҷотдиҳандагон дар обҳои баҳр амалиёти ҷустуҷӯйиро ба роҳ монданд. Шаҳрвандони кишварҳои Африқоӣ чанд сол боз тариқи Либия роҳ ҷониби Иттиҳоди Аврупоро пеш мегиранд. Онҳо дар бештар маврид барои дарёфти шароити мусоиди зист тариқи қаиқҳои резинию фарсуда ба об мебароянд, ки сафарашон бо фаҷиа анҷом меёбад. Тибқи омори Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират аз оғози соли равон тариқи обҳои баҳри Миёназамин 350 ҳазор нафар вориди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гардидаанд. Дар ин муддат зиёда 4 ҳазору 600 тани онҳо ғарқ шудаанд. Дар робита ба ҳиҷрати барзиёди муҳоҷирон Иттиҳоди Аврупоро буҳрони муҳоҷират фаро гирифтааст. Чунин вазъи душвор пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бесобиқа унвон мешавад. Ду сол боз сокинони кишварҳои Шарқи Наздик, қораи Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ бо мақсади раҳоӣ аз ҷанг ва наҷоти ҷони худ ҳиҷрати кишварҳои аврупоиро пеш мегирад. Аз оғози буҳрони муҳоҷират наздики 1 милииону 800 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ вориди Аврупо шудаанд, ки зиёда аз як миллиони он ба Олмон рост меояд.