14:35, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ғарқшавии киштии муҳоҷирон ба марги 11 нафар сабаб шуд

Дар соҳилҳои Либия қаиқи ҳомили муҳоҷирони ғайриқонунӣ

ба фалокат дучор шуд. Бар асари ҳодиса 11 нафар ба ҳалокат расида, 5 каси дигар бедарак гардид. Ҳангоми ғарқшавӣ дар дохили киштӣ 16 нафар қарор дошт. Онҳо тариқи қаиқи резинӣ аз Либия ҷониби Аврупо дар ҳоли ҳаракат буданд. Тақдири мусофирони ғарқшуда то ҳол номаълум боқӣ мемонад. Солҳои ахир вобаста ба нооромиҳо шаҳрвандони кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна тариқи баҳри Миёназамин вориди Аврупо мешаванд. Аммо дар аксар маврид дар роҳ ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Киштиҳое, ки муҳоҷирон тавассути он ҳаракат мекунанд, ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд. Бино ба маълумоти Созмони байналмилалии муҳроҷират дар соли 2016-ум ҳангоми кӯшиши расидан ба кишварҳои Аврупо тариқи баҳри Миёназамин 4 ҳазору 636 муҳуҷир ба ҳалокат расидааст.