15:01, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Мубоҳисаи баҳри Миёназамин» масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ кард

Теъдоди муҳоҷирони фавтида дар баҳри Миёназамин

то охири соли равон эҳтимол ба 5 ҳазор нафар баробар гардад. Дар ин бора комиссари Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳоҷират - Филиппо Гранди иттилоъ дод. Дар ин хусус Филиппо Гранди зимни конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Мубоҳисаи баҳри Миёназамин», ки дар пойтахти Италия - шаҳри Рим баргузор шуд, ибрози андеша намуд. Дар гузориши навбатии СММ омадааст, ки ин муҳоҷирон дар роҳи расидан ба кишварҳои Аврупо дар обҳои баҳри Миёназамин ғарқ шудаву ҷон бохтаанд. Ҳамчунин давоми соли равон 400 ҳазор муҳоҷир вориди кишварҳои Аврупо гардидаанд. Аз ин теъдод танҳо 170 ҳазор нафараш вориди Италия шудаанд. Аксари муҳоҷирон шаҳрвандони кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ мебошанд. Тибқи омор соли 2015-ум 1,8 миллион муҳоҷир ба кишварҳои Аврупо ворид гардидааст.