17:36, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Булғористон: вазъият дар бошишгоҳи муҳоҷирон мураккаб шуд

Кормандони мақомоти полиси Булғористон вазъият

дар бошишгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Харманлиро таҳти назорат қарор доданд. Дар бошишгоҳи муҳоҷирон дар ин шаҳр намоиши оммавӣ бархоста, миёни эътирозгарон бо ходимони ҳифзи ҳуқуқ задухӯрди шадид ба амал омад. Бар асари бетартибӣ 14 корманди мақомоти полис ҷароҳат бардошт. Кормандони мақомоти қудратии Булғористон беш аз 200 иштирокчии бетартибиро дастгир намуданд. Иштирокчиёни намоишҳои оммавӣ даст ба харобкориҳои зада, чанд иншоотро ҳам вайрон намудаанд. Сабаби бархостани гирдиҳамоӣ ва бетартибӣ эълони ҳолати инзиво аз ҷониби Вазорати тандурустии Булғористон дар бошишгоҳи муҳоҷирон арзёбӣ мегардад. Вазъият дар натиҷаи бархостани задухӯрди шадид миёни фирориён ва кормандони мақомоти полис якбора мураккаб гардид. Ходимони ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пароканда сохтани ҷамъомадагон аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода карданд. Дар бошишгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Харманлии Булғористон зиёда аз 3 ҳазору 500 гуреза умр ба сар мебарад.