11:52, 06 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сӯхтор дар Маркази муҳоҷирон модарро бо 2 кӯдакаш ба ҳалокат расонд

Дар Маркази қабули муҳоҷирони «Мориа»-и ҷазираи Лесбоси Юнон

сӯхтор бархост, ки дар пайи он як зан ва ду кӯдак ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти мавҷуда, дар яке аз хаймаҳо таркиши газ сар зада, дар пай сӯхторро барангехтааст. Сӯхтор замоне ба амал омад, ки зан ба омода кардани ғизо машғул буд. Замони фоҷиа бо зан кӯдакони ӯ қарор доштанд. Полис марги як зани 25-сола ва ду кӯдакро, ки синнашон 4 ва 6-сола мебошад, тасдиқ намудааст. Тибқи иттилои пешакӣ бар асари оташсӯзӣ 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Ба маркази қабули муҳоҷирон кормандони мақомоти полис ва Хадамоти оташнишонӣ ҳозир шуда, фаъолият дар ин самтро ба роҳ мондаанд. Як қатор расонаҳо хабар медиҳанд, ки пас аз таркиш фирориён тариқи чӯбдаст ва дигар маводи латдиҳанда ба полис ҳамлавар шудаанд. Вобаста ба ин кормандони таъиноти махсус ба вазъияти бархоста дахолат намуданд. Дар ҷазираи Лесбоси Юнон наздики 6 ҳазор муҳоҷир қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки маркази қабули фирориён имкони ҷой намудани 3 ҳазору 500 нафарро дораду халос. Дар бошишгоҳи «Мориа» борҳо ҳодисаҳои бетартибӣ ва оташ задани хаймаҳои фирориён ба қайд гирифта шудааст.