17:15, 19 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Юнон: муҳоҷирон даст ба батартибӣ заданд

Бархостани сӯхтори шадид дар Маркази қабули муҳоҷирони ҷазираи Хиоси Юнон

ба сар задани муноқишаи дурӯза миёни паноҳҷӯён ва сокинони маҳаллӣ сабаб гардид. Бетартибӣ шаби чоршанбе замоне, ки муҳоҷирон чанд мағозаро оташ заданд, ба амал омад. Расонаҳои Юнон хабар медиҳанд, ки паноҳҷӯёни маркази «Суда» аз мағозаҳо маводи тарфгариро рабуда, автомобилҳоро оташ зада, ҷониби сокинон санг ва ҳаргуна ашёро ҳаво доданд. Пас аз ин ҳолат ашхоси номаълум маркази муҳоҷиронро оташ задаанд. Аз ҷониби кадом гурӯҳ оташ задани бошишгоҳҳо маълум нест. Бар асари бархӯрд муҳоҷирон ва ду корманди ташкилоти хайриявӣ зарар дидаанд. Дар маркази қабули муҳоҷирони «Суда» 150 паноҳҷӯ қарор дорад, ки аксарият занону кӯдаконанд. Пас аз баста шудани роҳи Балкан теъдоди зиёди муҳоҷирон дар қаламрави Юнон боқӣ монданд. Аз чунин ҳолат худи паноҳҷӯён ва сокинони маҳаллӣ норозӣ мебошанд. Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Юнон 62 ҳазор муҳоҷир қарор дорад. Афина мунтазири он аст, ки паноҷӯён дар қаламрави дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тақсим ва ҷо ба ҷо карда шаванд. Зеро бошишгоҳҳо ва марказҳои қабули муҳоҷирони Юнон имкон доранд, ки танҳо 8 ҳазор нафарро бо ҷойи зист таъмин созанд.