05:15, 14 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Франсия муҳоҷиронро дар бошишгоҳҳои муваққатӣ ҷой кард

Ҳукуматдорони Франсия муҳоҷирони урдугоҳи ғайриқонуниро, ки

дар шимоли ин кишвар умр ба сар мебаранд, дар бошишгоҳҳои муваққатӣ ҷой намуданд. Дар урдугоҳи нав 1500 нафар, пеш аз ҳама он оилаҳое, ки соҳиби фарзандони ноболиғ мебошанд, ҷой карда мешаванд. Аксари фирориён кӯшиш доранд, ки ба Британияи Кабир расанд. Бошишгоҳи муҳоҷирон дар атрофи шаҳри Калеи Франсия қарор дошта, он номи «Ҷангал»-ро гирифтааст. Сокинони маҳалҳои атрофи бошишгоҳ бо нигаронӣ мақсади нияти тарк кардани манзилҳои истиқоматии худро дошта, масъулонро дар наандешидани тадбирҳои зарурӣ айбдор намуданд. Айни ҳол дар бошишгоҳи атрофи шаҳри Кале 6 ҳазор муҳоҷир қарор дошта, теъдоди онҳо рӯз аз рӯз афзуда истодааст.