17:30, 19 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳамарӯза 2 ҳазор муҳоҷир вориди ҷазираҳои Юнон мешаванд

Фирориён аз кишварҳои Шарқи Наздик сафари худро ба Аврупо

тариқи баҳри Эгей идома дода истодаанд. Бино ба иттилои Комиссияи Аврупо ҳамарӯза то 2 ҳазор муҳоҷир вориди ҷазираҳои Юнон мешаванд. Вале дар аксари вақт ин сафарҳои хатарноки баҳрӣ бо фоҷиа анҷом ёфта, сабабгори марги муҳоҷирон мегардад. Брюссел бо Анқара дар хусуси омода кардани шароити мусоид барои он фирориёне, ки дар қаламрави Туркия қарор доранд, ба мувофиқа расиданд. Барои амалӣ шудани ин иқдом Иттиҳоди Аврупо ба Туркия дар ҳаҷми 3 миллиард евро пардохт мекунад. Дар муддати идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия 2 миллиону 200 ҳазор фирории ин кишвар вориди Туркия шуда, дар ин ҷо панаҳ мебаранд. Боз 200 ҳазор шаҳрвандони Ироқ ҳам аз бедодгариҳои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» фирор карда, вориди Туркия шуданд. Аксари муҳоҷирон кӯшиш доранд, ки аз Туркия ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафар намоянд.