05:54, 14 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирони Сурия дар Лубнон ба беш аз 1 миллион нафар расид

Теъдоди муҳоҷирони Сурия, ки дар Лубнон панаҳ мебаранд,

аз як миллион нафар ҳам гузашт. Дар ҳамин ҳол 70 дарсади муҳоҷирон дар ҳолати фақру бенавоӣ умр ба сар мебаранд. Ҳукуматдорони Лубнон бо душворӣ буҳрони муҳоҷиратро паси сар мекунанд. Вобаста ба вуруди гурезагон иқтисодиёти ин кишвар зарари зиёди молӣ дида, соҳаи сайёҳӣ ба мушкилоти зиёд дучор омадааст. Муҳоҷирон наздикону пайвандони худро аз даст дода, аз манзили зист маҳрум мебошанд. Тибқи омор ҳар дуюмин кӯдаки муҳоҷири Сурия бо шиками нимгурусна умр ба сар мебарад. Чанд нафар ихтиёриёни маҳаллӣ барои муҳоҷирон дар Лубнон қаҳвахонаи ройгон кушодаанд. Дар ин қаҳвахонаҳо наздики 200 нафар муҳоҷир хӯроки нисфирӯзиро ройгон дастрас мекунад. Тибқи маълумот ҳукуматдорони Лубнон барои муҳоҷирон 7 миллиард доллар сарф намудаанд.