06:03, 14 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Туркия: 36 муҳоҷир дар об ғарқ шуд

Дар соҳилҳои шаҳри Рабодингии Туркия 36 муҳоҷири фирорӣ дар об ғарқ шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ муҳоҷирон тариқи ду қаиқ кӯшиш доштанд, ки аз Туркия ба ҷазираи Лесбоси Юнон расанд. Дар натиҷа ҳарду киштӣ дар баҳри Эгей ба фалокат дучор гардид. Ба иқрори шоҳидон эҳтимол киштиҳои муҳоҷирон ба санги зери об бархӯрдааст. Ҷониби Туркия 1 чархбол ва 3 киштиро барои наҷот додани мусофирон сафарбар намуд. Зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ нозирони наздсоҳилии Туркия 12 муҳоҷирро аз марг наҷот доданд. Ҳамчунин ҷасади чанд нафар аз соҳил дарёфт карда шуд. Давоми соли 2015 наздики 1 миллион фирорӣ ба Юнон ворид шуда, баҳри дарёфти сарпаноҳ ва шароити беҳи зиндагӣ ба кишварҳои Аврупо роҳ ёфтанд.