18:14, 18 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Барои пешгирии воридшавии муҳоҷирон дар истгоҳи шаҳри Малмё панҷараҳои оҳанин гузошта шуд

Шведсия назорати марзиро дар сарҳад бо Дания ба роҳ монд.

Тафтиш намудани ҳуҷҷат дар сарҳадҳои Шведсия ҳанӯз қабл аз таъсиси минтақаи Шенген ҷорӣ гардида буд. Акнун баҳри коҳиш додани воридшавии муҳоҷирон дар истгоҳи шаҳри Малмё панҷараҳои баланди оҳанин гузошта шуд. Шаҳрвандони Шведсия тариқи роҳи махсус вориди қатора шуда, ба муҳоҷирон тавассути ҷодаи дигар баъди тафтиши ҳуҷҷатҳо барои идомаи сафар ба Дания иҷозат дода мешавад. Тавре маълум шуд бисёре аз шаҳрвандони қисми ҷануби Шведсия тариқи қатора ба Дания ҳамарӯза баҳри фаъолияти корӣ, сафар мекунанд. Ҷорӣ кардани назорати марзӣ, ба хотири халалдор нашудани фаъолияти дурусти кории шаҳрвандон мебошад. Дар соли 2015-ум 163 ҳазор муҳоҷир вориди Шведсия гаштааст. Нишондодҳо маълум кард, ки қисми зиёди муҳоҷирон вориди ин кишвар гаштаанд.