- Тоҷикистон ва Эрон ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш таҳким мебахшанд
- Дар Исломобод масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои бонкии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид
- Испания: Раъду барқ 40 биноро валангор кард
- Таркиши шадид дар Бағдод
- Дар Душанбе машғулиятҳои «Level-1» барои мураббиёни дарвозабонҳо оғоз гардиданд
- Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи саӣёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд
- Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд (20/05/2019)
- Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ
- Чин: Бино фуру рафт
- Куба: Автомобил одамонро пахш кард
Дар Душанбе троллейбусҳои нав рӯнамоӣ гардиданд
Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе
маросими рӯнамоии троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Беларус дастрас гардидаанд, баргузор шуд.Ин троллейбусҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии барқии замонавӣ бо ташаббуси Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ харидорӣ гардидаанд. Ин троллейбусҳо барои беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии мусофиркашонӣ дар пойтахт мусоидат намуда, ҳамзамон бо тарҳу намуди зебо ва муосири худ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба он шукӯҳи тоза мебахшанд. Зимни рӯнамоии воситаҳои нақлиёти барқии замонавӣ иттилоъ дода шуд, ки троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус истеҳсол гардида, аз лиҳози харҷи камтари неруи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ бартарияти зиёд доранд. Троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи неруи барқ мебошанд.Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ неруи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд. Зимни шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур дод, ки баҳри дар оянда ворид намудани чунин воситаҳои нақлиёти муосири мусофиркашонӣ ва таҷдиди парки троллейбусҳо чораҷӯӣ карда, дараҷаи тахассуси касбии ронандагон тавассути курсҳои бозомӯзӣ баланд бардошта шавад.Зеро онҳо бо воситаҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардида, аз ронандагон малакаҳои иловагӣ талаб менамоянд. Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборатанд, ки барои фаъолияти ронандагон мувофиқ мебошанд. Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад. Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидааст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи зарурӣ поёну боло карда мешавад. Дар ҷараёни боздид ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки троллейбусҳои нав давоми 6 моҳи аввал ба таври озмоишӣ истифода бурда шаванд. Ҳамчунин Раиси шаҳр таваҷҷуҳи роҳбарияти корхона ва масъулини дахлдорро ба масъалаи нигоҳдошт ва хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиётии мусофиркашонии барқӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки барои муоинаи техникии онҳо дар корхона шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Мавриди зикр аст, ки айни замон дар 7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба мусофирон хизмат мерасонанд.
- Дар Исломобод масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои бонкии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид 13 Август 2019
- Овозаҳо дар бораи Honda тасдиқи худро ёфтанд 21 Феврал 2019
- Миёни Тоҷикистон ва Қатар роҳи ҳавоӣ боз хоҳад гашт 14 Феврал 2019
- Соли 2018 саршумори паранда 75,5 фоиз ва тухм 66,3 фоиз афзоиш ёфтааст-бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ 29 Январ 2019
- Усмоналӣ Усмонзода: «Соли 2018 Тоҷикистон 2 миллиарду 406 миллион кВт. соат неруи барқ содирот намуд» 29 Январ 2019
- Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин соли 2018 зиёда аз 245 ҳазор тонна консентрати сурб ва руҳ истеҳсол намуд 17 Январ 2019
- ДАР ДУШАНБЕ ТРОЛЛЕЙБУСҲОИ БЕНОҚИЛ БА ҲАРАКАТ МЕДАРОЯНД! 17 Январ 2019
- "Барқи Тоҷик" беш аз 16 млрд. кВт. соат барқ истеҳсол кард 15 Январ 2019
- Соли 2018 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд 15 Январ 2019
- Чинро тӯфони гардолуд фаро гирифт 05 Декабр 2018