21:42, 25 Августи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин соли 2018 зиёда аз 245 ҳазор тонна консентрати сурб ва руҳ истеҳсол намуд

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» соли 2018 78,3 ҳазор

тонна консентрати сурб ва 166,5 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол намуд, ки дар маҷмӯъ 245,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҷамъияти мазкур калонтарин корхонаи саноатии вилоят ба ҳисоб рафта, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи он соли сипаригардида 2 миллиарду 814 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил дод. Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.