20:41, 21 Феврали 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 22 23 24
25 26 27 28      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Соли 2018 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд

Соли 2018 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ

маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш 110,5 фоизро ташкил медиҳад. Ин иттилоъ зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2018, ки 11 январи соли равон баргузор гардид, расонаӣ шуд. Давоми соли 2018 дар вилоят 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ намуда, дар натиҷа 1 ҳазору 431 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин таъкид гардид, ки соли 2018 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат дар вилоят истеҳсоли семент ба 1 млн. 140 ҳазор тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 208,9 ҳазор тонна ё 1,4 маротиба зиёд аст.