13:34, 18 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ширкати «Барқи Тоҷик» қатъшавии неруи барқро дар баъзе минтақаҳо ҳолати муваққатӣ арзёбӣ кард

Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» овоза дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудияти

неруи барқ дар ҷумҳуриро қатъиян рад намуд. Ба иттилои ширкат, қатъ шудани интиқоли неруи барқ, ки қариб як моҳ аст дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад, ба корҳои таъмирию омодагӣ ба фасли сармо вобаста аст. Қатъ шудани интиқоли неруи барқ дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳуриро сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба АМИТ «Ховар» вобаста ба гузаронидани корҳои таъмирию профилактикии хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои баландшиддат ва таҷҳизоти неругоҳҳои барқӣ дар давраи тайёрӣ ба зимистон арзёбӣ намудааст. Ба иттилои номбурда, ШСХК «Барқи Тоҷик» сарфи назар аз рух додани ягон ҳолати ғайримуқаррарӣ, имсол дар нияти ҷорӣ намудани маҳдудият нест. Имрӯзҳо дар баъзе манотиқи кишвар баъзан қатъ шудани неруи барқ ба тадбири таъмини беҳтари мардум ва хоҷагии халқ бо неруи барқ вобаста аст. «Ба ҳама маълум аст, ки хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, умуман ҳама таҷҳизоте, ки ба истеҳсол ва интиқоли барқ вобастаанд, доимо зери шиддат мебошанд. Аз ин рӯ, дар давраи пеш аз оғози хунукиҳо, ки истифодаи барқ бамаротиб меафзояд ва мавсими барои энергетикҳо хеле душвор ҳисоб мешавад, таъмиру профилактикаи онҳо ногузир аст»,-зикр кард манбаъ. Нозир Ёдгорӣ иброз намуд, ки «вобаста ба корҳои таъмирию профилактикии хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои баландшиддат ва таҷҳизоти неругоҳҳои барқӣ дар давраи тайёрӣ ба зимистон зарурат пеш омад, ки дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли неруи барқ зина ба зина қисман қатъ карда шавад. Ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ мегардад».