06:46, 22 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Корхонаҳои истеҳолии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тextillegprom» дар Москва

18 сентябр, дар ҳудуди Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи (ВДНХ) Россия дар шаҳри Москва

Намоишгоҳи 51-уми байналмилалии молу таҷҳизоти саноати сабук «Текстиллегпром»ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар кишварҳои ИДМ мебошад, оғоз шуд. Дар он Тоҷикистонро ҳафт корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ намояндагӣ карданд. Сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Москва дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Имсол Тоҷикистонро дар намоишгоҳ ширкатҳои «Ваҳдат», «Гулистони Душанбе», «Лиман», «Ноҳид», «Раҳимов А.А.», «Сапсан» ва «ХИМА-Текстил» муаррифӣ мекунанд. Намоишгоҳи Москва барои ширкатҳои Тоҷикистон имкони хубест, ки маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш дода, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд.