20:29, 20 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Азим Иброҳим аз ҷараёни омодагии иншооти истеҳсол ва интиқоли гармидиҳӣ дар пойтахт дидан намуд

Субҳи имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни омодагии иншооти истеҳсол ва интиқоли гармидиҳии

Маркази барқу гармидиҳии (МБГ) Душанбе -1 ва 2, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ва Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе дидан намуд. Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки имсол шумораи биноҳои баландошёнаи гармиқабулкунанда дар шаҳри Душанбе 1700 ададро ташкил намуда, иловатан пайвастшавии 100 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин, сокинони аксарият биноҳои навбунёди баландошёнаи пойтахт низ ҳавасмандии худро ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои гармидиҳӣ баён намуда истодаанд. Ба гунаи мисол, агар дар ноҳияи Фирдавсӣ шумораи умумии истифодабарандагони гармӣ дар соли гузашта 15 ададро ташкил менамуд, пас ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ қариб чор маротиба зиёд гардида, 56 ададро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, сохторҳои хизматрасон муваззаф мебошанд, ки дар доираи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати ҳарчи бештар пайваст кардани биноҳои баландошёна ба шабакаҳои гармидиҳӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд. Ба истифода додани дегхонаи шарқию ғарбӣ ва МБГ Душанбе-1 бо гази табиӣ имконияти истеҳсоли неруи барқ ва интиқоли гармиро афзун гардонида, вазъи таъмини гармидиҳии сокинонро беҳтар менамояд. Муовини Сарвазир махсус таъкид намуд, ки истеҳсол, интиқол, қабул ва пардохти ҳаққи истифодабарии гармӣ бояд пурра таъмин карда шавад. Зеро маҳз ҷамъоварии саривақтии маблағ аз истифодабарандагон кафолати фаъолияти мунтазами соҳа мебошад. Муовини Сарвазир аз сохторҳои масъул даъват ба амал овард, ки корро бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт бо назардошти таъмини сифати баланди хизматрасонӣ роҳандозӣ намоянд. Баъди пурра аз назар гузаронидани санҷиши назоратии омодагӣ ба зимистонгузаронии иншооти гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе муовини Сарвазири мамлакат ҳолати имрӯзаи корҳоро хуб баҳогузорӣ намуда, муҳлати ниҳоии омодагиҳоро санаи 15 сентябри соли равон муқаррар намуд.