07:48, 18 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро тақвият мебахшанд.

Дар ин росто, 4 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро ба тасвиб расониданд. Фаррух Ҳамрализода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро дар Парлумон шарҳ дода, зикр намуд, ки ҳадафи он танзими ҳуқуқии ҳамкории сармоягузорӣ байни ду кишвар мебошад. Дар асоси ин санад Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кӯшиш менамоянд, ки барои ҳавасмандгардонии сармоягузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳимояти онҳо бо истифода аз қонунгузориҳои миллии худ шароити мусоидро фароҳам оварда, кафолати фаъолияти сармоягузоронро ҳимоя ва таъмин намоянд. Инчунин тибқи санади мазкур, ҳарду давлат интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони якдигарро кафолат медиҳанд. Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки 9 марти соли равон дар Душанбе дар ҷараёни сафари давлатии ПрезидентиҶумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, 10 сол муҳлати эътибор дорад. Бо гузашти даҳ сол муҳлати эътибори он тамдид карда мешавад.