20:19, 21 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ифлосшавии курраи замин аз маводи пластикӣ

Ифлосшавии курраи замин аз партовҳои пластикӣ яке аз проблемаҳои бузурги экологии

имрӯза ба шумор меравад ва ба ҳаёт дар рӯйи замин ва баҳрҳо таҳдид мекунад. Аз соли 1950, вақте ки аввалин маводи пластикӣ вориди бозор карда шуд, то кунун 8,3 миллиард тонна намудҳои гуногуни маводи пластикӣ истеҳсол карда шудааст. Ба ақидаи иқтисодчиён, истеҳсоли солонаи зарф ва борхалтаҳои пластикӣ ба вазни умумии сокинони сайёраи замин баробар аст. 91 дарсади маводи пластикии партофташуда аз нав истифода карда намешаванд. Партовҳои пластикӣ дар табиат садҳо ва ҳатто ҳазорҳо сол боқӣ мемонанд. Дар саросари ҷаҳон ҳар як дақиқа як зарфи пластикӣ харидорӣ мешавад. Агар истеҳсоли маводи пластикӣ маҳдуд карда нашавад, то соли 2050-ум вазни партовҳои пластикӣ аз вазни моҳиҳои баҳрӣ ҳам зиёдтар хоҳад шуд.