08:40, 19 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Ширкати металургии Боку омода аст, ки ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд

10 апрели соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо президенти ширкати металургии Боку Расим Мамедов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар рафти мулоқот Сафир ба ҳамсуҳбати хеш оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон, фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин ҳолати кунунии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии байни кишварҳо иттилоъ дод. Р. Мамедов омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ намудан дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуд. Ҷонибҳо чораҳои мушаххасро ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, гидроэнергетика, саноат, металлургия ва ангишт мавриди муҳокима қарор доданд.