00:21, 22 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт.

Рӯзи 2-уми апрел, соати 16.50 дақиқа хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи Гулча (Ӯзбекистон)

зери шиддат монда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт! Дар ин бора ба хабарнигорони АМИТ «Ховар» Марзия САИД ва Бек РАҲМОНӢ дар ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт, ки ин ҳамкории мутақобилан судманд мебошад. Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон сурат гирифт, дар қатори дигар созишномаҳо, инчунин шартнома бобати мубодилаи байниҳамдигарии неруи барқ ба имзо расид. Энергетикҳои тоҷик ва ӯзбек мубодилаи барқро байни ҳамдигар бобати кори муназзами ниҳодҳои энергетикии ҳарду кишвар хеле манфиатбахш арзёбӣ намуданд. Боварӣ дорем, ки мубодилаи барқ байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ба беҳтар гардидани таъминот бо барқ мусоидат намуда, он аз ҷиҳати иқтисодӣ низ манфиатбахш мебошад.