00:59, 22 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Сомон Эйр» 8 ҳавопаймои муосири Embraer Е-190 Е2 харидорӣ менамояд

Дар рӯзҳои ҷашни байналм

илалии Наврӯз роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо президенти ширкати «Embraer Commercial Aviation» Джон Слэттери музокирот анҷом дод. Тарафҳо зимнан масоили аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» харидорӣ намудани 8 адад ҳавопаймоҳои муосири Embraer Е-190 Е2-ро барои иҷрои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки дар ҷараёни музокирот ҳамчунин масоили маблағгузории иқдоми мазкур тавассути Бонки содиротиву қарзии Бразилия тариқи лизинги молиявӣ муҳокима гардид. Мавриди зикр аст, ки ҳавопаймоҳои Embraer Е-190 Е2 то 100 ҷойи нишастро доро буда, ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» имкони васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва дар хатсайрҳои пурбории тиҷоратиашон нисбатан кам ихтисори масрафи ширкатро фароҳам меорад. Музокирот дар доираи барномаи давлатии рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навсозии парки ширкати ҳавопаймоӣ гузаронида шуд. Алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки тирамоҳи соли гузашта ба узвияти ИАТА қабул гардид, ба самти кишварҳои Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон муваффақона парвозҳоро анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои замонавии Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.