08:02, 27 Апрели 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Бразилия Форуми 8-уми ҷаҳонии об шурӯъ гардид

Дирӯз, 18 март дар шаҳри Бразилияи пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Форуми 8-уми ҷаҳонии

об ба кори худ оғоз намуд, ки он то 23 март идома меёбад. Тавре муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар кори Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 100 давлати дунё иштирок дошта, онҳо намояндагони ҳукуматҳо, парлумонҳо, ташкилотҳои СММ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор мебошанд. «Барномаи ин Форум аз равандҳои сиёсӣ, мавзӯӣ, минтақавӣ ва илмӣ-технологӣ, аз вохӯриҳои сиёсӣ, аз ҷумла, конференсия ва мизҳои гирди вазирон дар мавзӯъҳои мухталиф, ҷаласаҳои мавзӯӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба натиҷаҳои бадастомада дар бахшҳои гуногуни соҳаи об иборат аст»,- афзуд мавсуф. Султон Раҳимзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар Форуми мазкур ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иштирок дошта, дар намоишгоҳи байналмилалии он гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Об барои рушди устувор» ташкил карда шудааст. Дар ин гӯша ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ташвиқу тарғиб гардида, инчунин захираҳо ва имкониятҳои Тоҷикистон баҳри ҷалби сармоя, таҷрибаи мамлакат дар ҳаллу фасли масъалаҳо вобаста ба обу энергетика муаррифӣ мегардад. Маврид ба зикр аст, ки дар намоишгоҳи байналмилалии Форуми мазкур дастовардҳои зиёда аз 100 ташкилот аз мамлакатҳои гуногуни дунё дар соҳаи об ба намоиш гузошта шудаанд.