14:19, 24 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ширкатҳои узви Палатаи савдои Америка дар Тоҷикистон омодаанд, ки дар бахши сайёҳӣ ҳамкорӣ кунанд

Ширкатҳо ва корхонаҳои узви Палатаи савдои Америка дар Тоҷикистон омодагии

худро барои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ иброз намуданд. Ин иқдом зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо намояндагони ширкатҳо ва корхонаҳои узви Палатаи савдои Америка дар Тоҷикистон гирифта шуд. Дар доираи мулоқот оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳодшуда ва тамоюлҳои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ муаррифнома пешниҳод карда шуд. Инчунин оид ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор маълумоти муфассал пешниҳод карда шуда, омодагии ҷониби Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҷиҳати пешниҳоди хатсайрҳо ва маҷмӯи хизматрасониҳо иброз гардид. Доираҳои тиҷоратии узви Палатаи савдои Америка имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат, эътирофи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла, давлати амнтарин барои сайёҳон тавсия шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА, ба панҷгонаи беҳтарин шомил шудани низоми электронии дастрас намудани раводид, ба ҳафтгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳии пиёдагардӣ ва сайругаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва дигар эътирофоти байналмилалиро омили муҳими ташрифи сайёҳон ба ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа арзёбӣ намуданд.