05:26, 26 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Озмоиши нақлиёти парвозкунанда дар Чин

Дар вилояти Гуандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин бори аввал

дар ҷаҳон нақлиёти мусофирбари парвозкунанда мавриди озмоиш қарор дода шуд. Мусофирон баробари бастани тасмаи бехатарӣ бидуни ҳарос парвоз карда метавонанд. Инчунин идора кардани таҷҳизоти муосир дар ихтиёри мусофир нест. Айни замон автомобили парвозкунанда барои истифодаи оммавӣ муқаррар нагардидааст. Ба ақидаи олимон солҳои наздик хоҳишмандон имкон доранд, ки бидуни мамониат чунин намуди автомобилҳоро харидорӣ намоянд. Автомобили парвозкунанда тавассути батареяҳои барқӣ фаъолият карда, мусофироне, ки то сад килограмм вазн доранд таҳвил медиҳад. Мувофиқи маълумоти мутахассисон нақлиёти ҳавоӣ то 500 метр ба фазо баланд гардида, дар як соат масофаи 100 километро тай карда метавонад. Ҳамчунин автомобили парвозкунанда бидуни неру гирифтан имконияти 25 дақиқа парвоз карданро дорост.