15:08, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Беш аз 10 миллиард сомонии Буҷети давлатӣ барои соли 2018 ба соҳаи иҷтимоӣ сарф мегардад

«Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018

хусусияти иҷтимоӣ дошта, ба соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2018 беш аз 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ мегардад». Ин матлабро Абдусалом Қурбониён, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020, ки имрӯз аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид, баён дошт. Ба андешаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самти асосии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ба рушди иқтисодиёти кишвар, устувории молияи давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ аз рӯи андозаи воқеӣ 7 %, меъёри таваррум 7%, индекси дефилиятории ММД барои соли 2018 3% ва қурби асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 9 сомонӣ муайян гардидааст. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли оянда 21 миллиарду 3 миллион сомонӣ ё ба 31, 4 % ММД пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2017 ба андозаи 1 миллираду 434,5 миллион сомонӣ ё 7,3 % зиёд аст. Хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2018 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, таъмини бехатарии давлат ва озуқаворӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар- нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва такмили сохторҳои мақомоти идораи давлатӣ нигаронида мешаванд. Хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2018 бо назардошти касри он 21 миллиарду 337 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли равон ба маблағи беш аз 1 миллиарду 474 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Беш аз 10 миллиард сомонӣ дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 ба бахши иҷтимоӣ равона карда мешавад. Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаи маориф дар Буҷети давлатии соли 2018 3 миллиарду 115 миллион сомонӣ, тандурустӣ 1 миллиарду 550 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо назардошти пардохти кумакпулиҳо ва таъмини нафақа 3 миллиарду 357 миллион сомонӣ, фарҳанг 648,7 миллион сомонӣ, инчунин дар бахши комплекси сӯзишворию энергетикӣ 3 миллиарду 483 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1 миллиарду 462 миллион сомонӣ, саноат ва сохтмон 132 миллион, кишоварзӣ 676, 1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.