23:55, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бонки миллӣ: барориши нахустини қоғазҳои қиматноки давлатии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ муваффақона анҷом ёфт

Бонки миллии Тоҷикистон муаррифии барориш ва фурӯши қоғазҳои

қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» бо муваффақият таъмин намуд. Тавре аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, гурӯҳи кории коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» бо сармоягузорони бузурги давлатҳои ИМА, Англия ва Швейтcария як зумра вохӯриҳо гузаронида, барориш ва фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатиро муаррифӣ намуданд. Зимни гуфтушунидҳо намояндагони ширкатҳои сармоягузорӣ ба як зумра масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, тамоюли рушди иқтисодӣ, ҳаҷми касри буҷети давлатӣ ва меъёри қарзи берунӣ, вазъи низоми бонкӣ, ҷараёни корҳо ва нақшаи маблағгузории НБО «Роғун», ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000, ислоҳот дар соҳаи энергетика, раванди гуфтушунидҳо бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бояд зикр намуд, ки дар ин вохӯриҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» вомбаргҳои давлатиро бо муваффақият ба бозор пешниҳод намуданд. Инчунин зикр гардид, ки зимни вохӯрӣ ва муҳокимарониҳо бо сармоягузорони байналмилалӣ имкон фароҳам омад, ки тавачҷуҳи сармоягузорон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардад. Дар натиҷа пешниҳоди хариди вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорон то ба 4,5 миллиард доллари ИМА зиёд гардида, пас аз гузаронидани гуфтушунидҳо, фоизи даромаднокии купони вомбаргҳо аз 8% то ба 7,125% солона коҳиш дода шуд ва вомбаргҳои давлатӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА ба бозори молиявии ҷаҳонӣ бароварда шуданд.