15:14, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳи барқи обии «Техарв» дар Ванҷ

Дар ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон

баъди таъмиру навсозӣ неругоҳи барқи обии "Техарв" бо иқтидори 450 мегават мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи ин неругоҳи барқи обӣ роҳбарияти вилояти Бадахшон ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд. Зикр шуд, ки барои навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир васлу насб кардани ин неругоҳ 1 миллион доллари амрикоӣ сарф шуд. Бошандагони ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷ аз ин рӯйдоди муҳим, ки аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, изҳори сипосу минатдории худро баён доштанд. Баъди мавриди истифода қарор гирифани ин неругоҳ имкон даст дод, ки сокинони ду ҷамоати калонтарини ноҳияи Ванҷ бо қувваи барқи доимӣ таъмин шуданд. Ба фаъолият оғоз кардани ин неругоҳи барқи обии Техарв маҳдудияти неруи барқ, ки солҳои дароз сокинонро нигарон карда буд, аз миён бардошта шуда, муштариён ба таври шабонрӯз бо барқ таъмин гардиданд.