02:32, 24 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ то 28-уми апрел дома меёбад

Ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон - Пуғус бо иштироки намояндагон аз 47 давлати дунё, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилоти қарзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ба кори худ оғоз кард. Таъкид гардид, ки баргузории бомуваффақияти ҷаласаи мазкур барои чорабиниҳои минбаъдаи сатҳи баланди ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ заминаи воқеӣ гузошта, баҳри ба даст овардани таҷрибаи ғанӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва бонкдории мобилӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. Натиҷаҳои чорабинии мазкур барои такон бахшидан ба густариш ва тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар доираи Иттиҳоди дастрасии молиявӣ заминаи муҳим маънидод гардид. Зикр рафт, ки Иттиҳоди дастрасии молиявӣ нахустин созмони ҷаҳонист, ки вазифаи шабакаи иттилоотиро барои бонкҳои марказӣ ва дигар институтҳои молиявӣ - танзимгарон дар кишварҳои дорои бозори молиявии тараққиёбанда иҷро менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон аз 7-уми декабри соли 2011 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди мазкур мебошад. Дар доираи ҳамкорӣ бо Иттиҳод Бонки миллии Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи дониш, малака ва имкониятҳои зиёд кардани дастрасии молиявӣ дар кишвар тавассути иштирок дар чорабиниҳои гурӯҳҳои кории гуногуни он чораҳои муассир меандешад. Дар Иттиҳоди дастрасии молиявӣ шаш гурӯҳи кори фаъолият намуда, Бонки миллии Тоҷикистон ба панҷ Гурӯҳи он, аз ҷумла маблағгузории соҳибкории хурду миёна, густариши имконоти истеъмолкунанда ва идоракунии бозор, Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ, Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ ва Гурӯҳи кории хизматрасониҳои молиявии рақамӣ шомил мебошад. Ҳадафи калидии иттиҳод дар кишварҳои аъзо кумак намудан дар амалӣ гардидани сиёсати рушди дастрасии молиявӣ мебошад ва қисматҳои асосии онро ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, бонкдории мобилӣ, агентҳои бонкӣ ва ғайра ташкил медиҳад. Қароргоҳи Иттиҳоди мазкур дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия воқеъ гардида, зиёда аз 120 ташкилот аз 90 кишвари сайёра дар он аъзо мебошанд. Ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ то 28-уми апрел дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон - Пуғус идома меёбад.