02:32, 24 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро-Душанбе» баргузор мегардад

Бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ,

дар доираи тадбирҳо бахшида ба 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто Ретро- Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин бора имрӯз қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Фестивал-намоишгоҳ 6 майи соли ҷорӣ (рӯзи шанбе) аз соати 8:00 то 18:00 дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» ва ҶДДМ «Кохи Наврӯз»-и пойтахт доир карда мешавад. Дар чунин фестивал -намоишгоҳ, тавре қаблан иттилоъ дода будем, одатан мошинҳои қадимаи истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар, дӯстдорон ва касбиёни ретро дар ин ҷо чизеро нишон медиҳанд, ки дигар дар ҳеҷ ҷои дигар дида намешавад. Дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Олдтаймер» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода мекунад. Бинобар ин, меҳмонони Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто-ретро Душанбе» метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожец», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд. Ёдовар мешавем, ки нахустин ретро-намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.