19:26, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шарҳи навбатии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи қурби пули миллӣ ва бозори дохилии асъор

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нишондаҳандаҳои

асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асосёфтаро интихоб ва амалӣ карда, тибқи он қурби расмии пули миллиро дар асоси талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар менамояд ва танҳо дар ҳолатҳои аз ҳадди эътидол гузаштани таносуби онҳо ба бозор дахолат менамояд. Чунин зикр шудааст дар шарҳи навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, оид ба вазъи қурби пули миллӣ. Дар ин шарҳ гуфта мешавад, ки вазъи қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 бо раванди коҳишёбии моҳ ба моҳи нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол берун ва босуръати қурби нақдӣ дар моҳҳои феврал, март ва апрел фарқ мекунад. Ҳамин хусусияти хос ба зиёд шудани фарқияти байни қурби расмӣ ва нақдӣ дар ҳаҷми 2 фоиз ва якбора зиёд шудани талабот ба доллари ИМА, пеш аз ҳама, ба нақдинаи он сабаб шудааст. Айни замон қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 7,8 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2016 — 10,8 фоиз) коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд 13,0 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2016 — 5,7 фоиз) баланд шудааст. Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари ИМА-и нақд аз 0,6 фоиз то ба 5,4 фоиз зиёд шудааст (дар санаи 17.04.с.2016 ин фарқият 0,8 фоиз буд). Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии коҳишёбии қурби сомонӣ, раванди афзоиши фишорҳо ба он ва зиёдшавии талабот ба асъори хориҷӣ ба омилҳои зерини берунӣ ва дохилӣ алоқаманданд. Омилҳои берунӣ- ин ноустувор боқӣ мондани вазъи геосиёсӣ ва ҳолати иқтисодию молиявӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ, баланд шудани арзиши доллари ИМА вобаста ба сиёсати пулию қарзии Бонки Марказии Амрико, паст будани арзиши молҳои асосии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Омилҳои дохилӣ -ба таври назаррас афзудани ҳаҷми пул дар солҳои охир, аз ҷумла, дар натиҷаи зиёдшавии маблағгузории барномаҳои муҳими давлатӣ, дастгирии бонкҳои ба мушкилӣ дучоргардида ва хариди тилло барои зиёд кардани захираҳои байналмилалӣ, ба маротиб кам шудани ҷалби маблағҳо бо асъори хориҷӣ аз ҳисоби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар донорҳо, афзудани фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳаҷми савдо ва баландшавии қобилияти харидории аҳолӣ бо назардошти афзоиши ҳаҷми интиқол бо рубли русӣ ва баландшавии қурби он дар ин давра, зарурати мавсимии азнавбарқароркунии захираҳои молу маводи воридотӣ, афзоиши ҳаҷми умумии маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, камшавии вуруди асъори хориҷӣ ва ба таври назаррас кам шудани ҳиссаи доллари ИМА дар ҳаҷми умумии онҳо, зиёд шудани талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба доллари ИМА-и нақд барои бозпас гардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ, барҳам хӯрдани ду ташкилоти қарзӣ, ба мушкилиҳои пардохтпазирӣ дучор гардидани ду бонки низомсоз, коҳиш ёфтани сатҳи эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ва чун натиҷа, кам шудани пешниҳоди асъори хориҷии нақд ба амонату пасандозҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани фишорҳои таваррумӣ, ба танзим овардани ҳаҷми васеи пул дар муомилот, таъмини устувории қурби пули миллӣ дар ин давра чораҳои зеринро амалӣ менамояд: меъёри бозтамвил 3,5 банди фоизӣ то ба 16 фоизи солона баланд бардошта шудааст, бо мақсади безарар (стерилизатсия) кардани эмиссия барориши коғазҳои қиматнок ба маблағи 2,4 млрд. сомонӣ анҷом пазируфтааст. Амалиёти мазкур ҳаҷми пули дар муомилотбударо кам карда, аз ҳисоби хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Мудохилаҳои асъорӣ дар бозори байнибонкӣ, фаъолияти муассисаҳои ташкилотҳои қарзие, ки ба амалиёти мубодилавӣ ва интиқолӣ машғуланд, аз ҷониби гурӯҳҳои кории доимамалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он ҳамарӯза зери назорат қарор дошта, нисбат ба ҳар як ҳодисаи риоя нашудани тартиби анҷомдиҳии ин амалиёт тадбирҳои фаврии таъсиррасонӣ андешида мешаванд. Дар ҳамин давра аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва сари вақт пешниҳод накардани ҳисобот ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо дастуру супоришҳо дода шудаанд. Аз ҷониби гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон шахсият ва макони нафароне, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, муайян карда шуда, мавод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон барои чораҷӯӣ пешниҳод карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо оид ба 208 нафар шахсони воқеӣ маълумот пешниҳод карда шуда, дар ҳамин давра нисбат ба ин шахсони воқеӣ 159 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 49 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Ҳамчунин ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба ташкили кори муназзам ва босамари муассисаҳои бонкие, ки ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ машғуланд, бахусус, дар рӯзҳои истироҳату ид, таъмини онҳо бо пули нақди миллӣ ва асъори нақди хориҷӣ, кушодани марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии шабонарӯзӣ дар марказҳои савдо ва меҳмонхонаҳо дастур дода шуд. Бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуд будани норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омода кардани нақшаи мушаххаси муҳлатҳои дарёфту пардохти асъори хориҷӣ барои мизоҷон- воридотчиёни молу маводи талаботи аввалиндараҷа супориш дода шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти вазъи имрӯзаи низоми бонкӣ ва бозори дохилии асъор амалӣ кардани чораҳои зарурии таъмини фаъолияти босуботи онҳо ва устувории қурби пули миллиро давом хоҳад дод.