19:26, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Корманди Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ

кормандони милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, корманди Коллеҷи тиббии шаҳри мазкурро бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд. Гумонбаршуда, 17-уми апрели соли 2017 аз зани 22-солаи сокини ноҳияи Ашт барои дохил намудани шиносаш ба коллеҷи мазкур ҳамчун пора 700-доллари амрикоӣ талаб намуда, тахминан соати 19:30-дақиқаи ҳамин рӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани маблағи мазкур дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.