06:53, 26 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мушкилоти рушди бозори меҳнат мавриди муҳокима қарор гирифт

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ

дар мавзӯи «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард. Ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбута ва олимону коршиносони ватанию хориҷиро ба ҳам овард. Иштирокчиёни ҳамоиш мавзӯъҳои «Мушкилоти рушди бозори меҳнат ва роҳҳои ҳалли он дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Сиёсати соҳавӣ ҳамчун механизми татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи саноат», «Имкониятҳои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ ва дармонбахшӣ», «Роҳҳои баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои муҳити зист ва дар шароити тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои иқтисодӣ» ва ғайраҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Тавре таъкид гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барномаҳои зиёди соҳавиро тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор додааст. Татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва тадбирандешиҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт имкон дод, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 7 дарсад афзуда, то чор баробар зиёд шудааст. Дар доираи конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаҳои гурӯҳӣ газаронида шуда, дар интиҳо баргузории мизи гирд оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти кори он дар назар аст. Бо мақсади шиносии бештар пайдо намудан аз ҷараёни фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва корхонаи саноати кимиёвии ноҳияи Ёвон боздиди иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ аз онҳо ба нақша гирифта шудааст.