23:01, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нахустин ҳавопаймои Ӯзбекистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад

Чанд лаҳза пеш ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари»

дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фуруд омад. Сафари мазкур нахустин ва таърихӣ буда, тавассути он аз Тошканд 29 нафар мусофирон ба Душанбе парвоз карданд. Ёдовар мешавем, ки ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» /Ӯзбекистон Ҳаво Йӯллари», «Uzbekistan Airways») баъд аз 25 соли таваққуф имрӯз, 11 апрел бори нахуст ба Тоҷикистон парвоз анҷом дод. Барқарор намудани роҳи ҳавоӣ байни ду кишвари ҳамсоя барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва рафтуои мусофирон шароити мусоид фароҳам меорад ва он дар тавсеаи равобити Душанбе ва Тошканд қадами устувор ҳоҳад буд. Мавриди зикр аст, ки «Узбекистон Ҳаво Йуллари» /«Uzbekistan Airways»/ ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон буда, соли 1992 бо мақсади рушди бахши ҳавонавардии миллии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. «Узбекистон Ҳаво Йулларӣ» алҳол дар 25 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, ба 40 шаҳри бузурги қораи Осиё ва Аврупо парвоз анҷом медиҳад ва дорои 15 ҳазор корманд ва мутахассис мебошад.