14:16, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дӯхти либосҳои мактабӣ бо истифода аз матоъҳои истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ба роҳ монда мешавад

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо иштироки роҳбарони корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ доир ба дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид. Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокчиён атрофи рушди воқеии истеҳсолот, дастгирии соҳибкории ватанӣ дар самти истеҳсоли либоси босифат, аз ҷумла истеҳсоли хуштарҳу замонавӣ ва рақобатпазири либоси мактабӣ ва пешгирии ҳолатҳои ба фурӯш нарафтани либоси мактабии истеҳсолшуда сухан гуфтанд. Дар ҷаласаи машваратӣ роҳбарони корхонаҳои дӯзандагӣ уҳдадор гардиданд, ки дар асоси ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар як вақт бо волидайни хонандагон дӯхти либосҳои мактабиро бо истифода аз матоъҳои истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ амалӣ намоянд.