20:01, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Манзура Рустамова бо намояндагони Ростови лаби Дон мулоқот анҷом дод

Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

вохӯрии доираи соҳибкорони Ростови лаби Дони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Манзура Рустамова, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории тиҷоратии мавҷудаи дуҷониба байни Тоҷикистон ва Россия ёдовар шуда, зикр кард, ки мубодилаи тиҷорат дар солҳои сипаригардида байни Россия ва Тоҷикистон хеле назаррас мебошад. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои рушди саноат, нақлиёт ва ғайра баррасӣ ва оид ба таҷрибаи кории минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Ёдовар мешавем, ки мақсад аз вохӯрии мазкур рушд додани ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур байни Тоҷикистон ва Россия мебошад.