20:00, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Парвози мунтазам миёни Тошканд-Душанбе 4 апрел шурӯъ мешавад

Намояндагии "Узбекистон ҳаво йулларӣ", ширкати давлатии Ӯзбекистон

ба фурӯши билетҳо дар масири Душанбе – Тошканд – Душанбе шурӯъ кард. Парвози нахустини мунтазам тавассути ширкати "Узбекистон ҳаво йулларӣ" рӯзи 4-уми апрел дар назар аст. Орифҷон Рӯзимуродов, намояндаи расмии ин ширкат дар Тоҷикистон гуфтааст, арзиши роҳкиро дар ҳоли ҳозир 1200 сомонӣ буда, дарёфти билет тавассути ширкати "Антарес" (fly.tj) имконпазир аст. Рӯзимуродов изҳор дошт, ки феълан парвозҳо миёни Тошканду Душанбе дар ҳафтае як бор – рӯзи сешанбе – анҷом мешаванд.