18:24, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Байни Тоҷикистону Покистон ҷаласаҳои гурӯҳи кории муштарак доир шуданд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак

оид ба нафту газ ва ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор байни Тоҷикистону Покистон баргузор гардиданд. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва ҳайати Покистонро Вазири федеролии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф роҳбарӣ намуданд. Зимни ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба нафту газ байни Тоҷикистону Покистон имкониятҳои вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, фаъолгардонии муносибатҳо байни ҷамъиятҳои тоҷикистонӣ ва покистонӣ дар самти истихроҷ, коркард ва воридоти нафту газ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологӣ-геофизикӣ дар майдонҳои нафту газдори қисми ҷанубу ғарбӣ ва шимоли Тоҷикистон, таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти нафтии аълосифат ва маҳсулоти ниҳоии аз нафт бадастовардашуда ва бо назардошти таҷрибаи бойи ҷонибҳо омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва такмили ихтисоси касбии мутахассисон муҳокима гардиданд. Дар доираи ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор татбиқи дастовардҳо аз натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар, ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои энергетикӣ ва инфрасохтор, аз ҷумла вусъат бахшидани ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи саривақтии лоиҳаи минтақвии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», хусусан сохтмони хати интиқоли барқи Сангтӯда-Новшераи Покистон бо дарозии умумии 750 км, ки яке аз қисматҳои муҳими Лоиҳаи «CASA-1000» ба шумор меравад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баробари ин ҳамчунин имконияти сохтмони хати интиқоли барқи иловагии 500 кВ «Тоҷикистон-Покистон», самтҳои эҳтимолӣ ва паҳлӯҳои иқтисодию техникии он муҳокима гардиданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда дар самтҳои энергетика ва нафту газ бо роҳи тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд ҳамкориро идома диҳанд.