20:14, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Маблағгузории барномаҳои СММ то 50% кам карда мешавад

Роҳбарияти Қасри Сафед тасмим дорад, маблағгузории барномаҳои СММ-ро

то 50 дарсад коҳиш диҳад. Дар ин бора рӯзномаи «Форейн полис»-и бо истинод аз сарчашмаи худ маълумот медиҳад. Чанде қабл директори раёсати маъмурии буҷавии Қасри Сафед Мик Малвани изҳор дошт, ки маъмурияти президент пешниҳод дорад, ки ҳаҷми маблағгузорӣ ба кишварҳои хориҷ то ҳадде коҳиш дода шавад. Тавре нашрияи «Вол стрит Ҷорнол» хабар медиҳад маъмурияти президент дархост намуд, ки хароҷоти департаменти давлатӣ ва агентии рушди байналмилалӣ- «USAID»-ро то 37 дарсад коҳиш диҳанд. Гуфта мешавад, ки буҷаи ин ду ниҳод 50 миллиард доларро ташкил медиҳад. Тибқи маълумот аллакай кормандони департамент супориш гирифтаанд, ки маблағгузории фаъолияти башардӯстонаи СММ, фонди кӯдаконаи созмони ЮНИСЕФ ва барномаи рушди СММ-ро коҳиш диҳанд. Дар ҳамин робита ҳамчунин ҳаҷми маблағи Созмони ҷаҳонии озуқа ва барномаи оид ба расондани кумак ба муҳоҷирон низ кам карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки намояндагони СММ аз пурра даст кашидани ҳукуматдорони ИМА аз хароҷоти ба дигар ҷо кӯчонидани аҳолӣ ва конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлими сайёра изҳори нигаронӣ мекунанд. Мутахасисон изҳор медоранд, ки ин тасмими маъмурияти президент ба изҳороти қаблӣ оид ба зиёд кардани хароҷот дар соҳаи мудофиа робита дорад. Дар ин изҳорот гуфта мешуд, ки мақомоти ИМА тасмим дорад хароҷоти низомиро то 54 миллиарди дигар бештар кунанд. Агар Амрико ҳаҷми маблағгузориро дар баробари СММ коҳиш диҳад, дар он сурат аз ҳаққи овоз дар Ассамблеяи генералии созмон маҳрум мегардад. Гумон аст, ки дигар давлатҳои ҷаҳон фонду барномаҳои СММ-ро бо ин қадар хароҷот маблағгузорӣ кунанд. Чанде қабл маълум гашт, ки маъмурияти ИМА то 16-уми марти соли равон лоиҳаи нави буҷа барои соли 2018-умро барои баррасӣ ба конгресс пешниҳод мекунад. Дар ин лоиҳа зиёд кардани ҳаҷми хароҷоти соҳаи мудофиаро то 54 миллиард доллар пешбинӣ карда буданд.