19:32, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Душанбе бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардид

Бо ташаббуси КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон,

варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар ин бора Шералӣ Ҷалолов, корманди маркази матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Дар форум роҳбарияти Клуб, соҳибкорону тоҷирон, намояндагони ширкатҳои бонуфузи Тоҷикистону Чин иштирок намуданд. Дилшод Ҷӯраев, директори Клуби соҳибкорони ҷавон ҳозиринро бо 25-солагии муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин шодбош гуфта, ташаббуси баргузории ҳамоиши мазкурро дар Соли ҷавонон қадами устувор баҳри рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонони тоҷик арзёбӣ намуд. Илҳом Маҳкамбоев, мушовири Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар хусуси имтиёзҳои пешбинишуда ба сармоягузорони хориҷӣ маълумоти муфид пешниҳод намуд. Ҳамчунин намояндаи ширкати чинии «ИЖУЙ» доир ба тиҷорати байналмилалии электронии хариду фурӯши маҳсулот аз тариқи сомонаи худ маълумот дод. Миёни иштирокчиён муколамаи озод баргузор гардид, ки ин барои шиносоӣ ва минбаъд ба роҳ мондани ҳамкории судманд ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ хеле муҳим мебошад.