18:52, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

IFC ба густариши дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои тиҷорати Тоҷикистон кӯмак мерасонад

IFC, аъзои Гурӯҳи Бонки чахонӣ, бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон

барномаи тренингҳои омӯзиширо оғоз менамояд, ки дар асоси таҷрибаҳои бҳхтарини байналхалқии баҳодихи ба амволи манқул таҳия гардида, ба таъмин кардани дастрасии соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳои хурд ва миёна ба маблағгузорӣ равона шудааст. Барнома ба мутахассисони бонкҳои Тоҷикистон тренингҳои махсусеро пешниҳод мекунад, ки онҳо азхуд кардани усулҳои баҳодиҳии гаравҳоеро монанди мошинаҳо ва таҷҳизот, ки имрӯз қарзгирандаҳои эхтимолӣ пешниҳод карда метавонанд, имконпазир менамоянд. Ин махсусан барои ширкатҳои хурд, ки қисми зиёди иқтисодиети Тоҷикистонро ташкил медиханд, муҳим мебошад. Дар ҳолате, ки ин корхонаҳо дорои активҳо ҳастанд, онҳо аксаран аз чунин намудҳои барои карздиҳандаҳо авлотар, чун замин ва биноҳо, маҳруманд. Активхои дигар, ба монанди мошинаҳо, таҷҳизот ва қарзи дебиторӣ, ки нисфи моликияти ширкатҳоро ташкил медиханд, ба сифати гарав барои маблағгузори камтар қабул мешаванд. Қисман ин ба таҷрибаи нокифояи баҳогузорӣ ба чунин навъи активҳо алоқаманд аст. Бонкҳо ба мутахассисони боихтисосе ни1з доранд, ки на танҳо нархи активҳои моддӣ, балки дараҷаи хавфҳои онҳоро низ баҳо дода тавонанд. “Дар Тоҷикистон зарурати диверсификатсияи амволи ба сифати гарави қарз пешниҳодшаванда мавҷуд аст», гуфт Чамолиддин Нуралиев, муовини Аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон. «Ин восита барои корхонаҳои хурду миёна имкониятҳои маблағгузории калонро мекушояд. Мо аз ҷорӣ гардидани чунин таҷрибаҳои пешқадам дар Тоҷикистон хеле мамнун ҳастем». Барнома дар кишвар хамин тавр аввалин буда, қисмати ислоҳоти асосии системаи созишҳои бо гарав таъминшуда ё қарзгирӣ мебошад. “Корхонаҳои хурд асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил медиханд, вале барои рушди оянда онхо муттасил барои дастрасӣ ба маблағгузорӣ талош доранд”, гуфт Рольф Берндт, Менеҷери Таҷрибаи Глобалии молия ва бозорҳои Гуруҳи Бонки ҷахонӣ. “Васеъшавии асоси сармоя, ки аз ҷониби бонкҳо қабул шудааст, ба ширкатҳо имконият медиҳад, ки қарзҳои ҳаётан муҳим ва намудҳои қарзҳои дигарро бо гарав таъмин кунад, ки ин ба ривоҷи онҳо ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд”. Барнома дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ шурӯъ шуда, ҳар сол то ба 150 матухассис-баҳогузори гаравҳои моликияти манқулро меомузонад. Ғайр аз ин, ба ташаккули институтҳои касбии баҳогузорони гаравҳо мусоидат менамояд. Ба баҳогузороне, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият месупоранд, сертификатҳо дода мешаванд. Барномаи омузиш ва сертификатсия дар доираи лоиҳаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ACAFI), ки бо дастгирии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба корҳои иқтисодӣ фаъолият мекунад, таҳия шудааст.