00:18, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чехия дар пешорӯйи буҳрони иқтисодӣ

Чехия дар пешорӯйи буҳрони иқтисодӣ қарор дорад.

Айни замон дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Чехия аз ҷиҳати сатҳи бекорӣ дар пастарин зина қарор дорад ва ин боиси мушкилӣ дар иқтисодиёти кишвар гардидааст. Дар ин бора хабаргузории «Новинка» дар такя ба коршиносони соҳа хабар дод. Намояндагони ширкатҳои ин кишвар дар хусуси норасоии мутахассисони баландихтисос ибрози андеша намуданд. Ин раванд ба рушди иқтисодиёти кишвар монеаи ҷиддӣ пеш овардааст. Тибқи иттилои Оҷонсии омории «Eurostat» дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сатҳи бекорӣ аз ҷумла дар Чехия соли равон ба 3,5 дарсад расидааст. Дар ҷойи дуюм Олмон бо 3,9 дарсад ва дар ҷойи сеюм бошад, кишварҳои Маҷористон ва Малта бо 4,5 дарсад, қарор доранд. Тибқи нишондоди Палатаи иқтисоди Чехия айни замон дар бозорҳои кишвар 150 ҳазор коргарон ихтисос надоранд. Дар ҳамин ҳол иттилоъ дода мешавад, ки дар кишвар 400 ҳазор нафар бекор буда, дар ҷустуҷӯйи кор мебошанд.